Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов

13.09.2004 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ доир ба як қатор масъалаҳои фарогири ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ табодули назар карда шуд.

Афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо, вусъати ҳамкориҳо дар доираи созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Қазоқистон ифодагари тавсеи робитаҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатнок мебошад, таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар бобати дарёфти роҳҳои нави ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳамфикрии қавӣ изҳор доштанд.

Дар вохурӣ ба масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо диққат дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520