Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер ва Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад Ҳаммом

17.09.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер ва Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад Ҳаммом мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба рушди футбол, иштироки бозингарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию байналмилалӣ, тарбияи мутахассисон ва дигар масоил мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор гирифт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи соҳаи варзишу бардамӣ ба хусус ривоҷу равнақи футбол диққати махсус медиҳад. Варзиш қосиди сулҳ,  омили муттаҳидсозии ҷавонон ва заминаи боэътимоди ташаккули тафаккури солим аст. Аз ин рӯ, ташкилу баргузории мунтазами чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқоти футболбозон дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар оянда низ дар ин самт тадбирҳои қавӣ анҷом дода хоҳад шуд, афзуд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер дар вохӯрӣ тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ бо роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон тавонист оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф сохта, чунин бунёди вусъатноки ҷомеаи озоди демократиро пеш гирифт, ки оламиёнро ба ҳайрат гузошт.

Алҳол футболбозони тоҷик дар доираи бозиҳо барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Олимпӣ талоши амиқ доранд. ФИФА бо нишони дастгирии футболбозони тоҷик тадбири хосае хоҳад андешид, - гуфт дар хотима Ҷозеф Блаттер.

Ҷонибҳо дар мавриди тайёр кардани мутахассисони соҳаи футбол, доварону мураббиёни соҳибкасб, дастгирии молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамфикрӣ баён доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520