Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияҳои Сарбанд, Шаҳритус, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон

27.09.2004 14:00, шаҳри Душанбе

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияҳои Сарбанд, Шаҳритус, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи муфассали раисони ноҳияҳои номбурдаро шунида, ҳамзамон аз раванди ғунучини ҳосили пахта, пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандии моддии чинакчиён пурсон шуд.

Раисони ноҳияҳои зикршуда изҳор доштанд, ки дар масъалаи таъмини кишоварзону ёрдамчиён бо маблағ умуман мушкилот вуҷуд надорад ва ҳар панҷрӯзаю даҳрӯза ҳаққи меҳнати чинакчиён пардохт мешавад.

Ҳамзамон ҷиҳати таъмини шароитҳои моддию хӯроки гарм ва дигар заруратҳои истеҳсолии кишоварзон чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Дар маҷмӯъ дар кулли ноҳияҳои номбаршуда рафти ҷамъоварии ҳосили пахта қаноатбахш мебошад.

Раисони ноҳияҳои Сарбанду Спитамен ва Мастчоҳ ба Сарвари давлат қавл доданд, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба сомон мерасонанд.

Меҳнаткашони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён азм карданд, ки баробари пеш аз мӯҳлат иҷро намудани нақшаи солона ба таври илова  2,5 – 3000 тоннагӣ дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ менамоянд, зеро имсол ҳосил дар муқоиса бо солҳои пешин хеле хуб аст. Дар ноҳияи Бохтар бошад, ба ҷои 30 000 тоннаи нақша имсол 40 000 тонна пахтаи аълосифат ҷамъоварӣ карданианд. Дар ин бора зимни сӯҳбати телефонӣ бо Сарвари давлат раисони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Бохтар бо масъулияти баланд изҳори назар намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастури қатъӣ дод, ки дар тамоми марказҳои ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ташкил карда шавад, то ки аҳолӣ ва муассисаҳои давлатию хусусӣ тавонанд барои фасли сармо омодагии комил гиранд.

Ташкили китобхонаҳо низ бояд мадди назари масъулини ноҳияҳо қарор гирифта, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳавасмандии эҷодкорон таъмин карда шавад, - таъкид намуд Сарвари давлат.

Дар хотимаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкидан ба раисони ноҳияҳои Сарбанду Қубодиён, Шаҳритусу Мастчоҳ, Бохтару Спитамен изҳор дошт, ки истифода аз ҳар лаҳзаи офтобии фасли тирамоҳ  дар таъмини фаровонии хирмани пахтаи кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид ва ин омили муҳимми фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии маҳаллӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содироти мол ба хориҷи кишвар ва пеш аз ҳама иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтавою созанда ба масъалаҳои фарогири соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва пешрафти соҳаи фарҳанг диққати махсус дода шуд.

Бо назардошти ҳамин асос, Сарвари Давлат ба раисони ноҳияҳои зикргардида, ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани ҷамъоварии ҳосили пахта дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520