Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.09.2004 19:00, шаҳри Душанбе

30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди баррасии масъалаи кадрҳо аъзои Ҳукумат ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ «Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ намуданд.

Дар гузориши раиси комиссияи ҳукуматӣ Абдураҳмон Қурбонов таъкид ёфт, ки вазъи имрӯзаи илм, ташкил ва идораи он, дастовардҳои илм ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, равияҳои тадқиқот, ҳамоҳангсозии он аз талаботи замон қафо мондааст.

Таъмини фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ, комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фонди Президентии тадқиқоти  фундаменталӣ, кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ Сино, комиссияи ҷумҳуриявии бехатарии энергияи атомӣ, маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ӯҳдаи Академияи илмҳо вогузор шудааст, вале натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ дар истеҳсолот татбиқ нагардида, илму технологияи нав дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми назаррас надорад. Шӯрои табъу нашри академия ва кумитаи истилоҳот дар сатҳи зарурӣ фаъолият намекунанд.

Натиҷабахшии корҳои илмии аспирантҳои академияи илмҳо дар 5 соли охир ба ҳисоби миёна 10 фоизро ташкил намуда, зиёда аз 90 фоизи хатмкунандагони аспирантура рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карда наметавонанд. Таҳсил дар докторантура низ беҳбудӣ мехоҳад.

Зимни гузориши Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Мирсаидов ёдрас гардид, ки дар ин давраи солҳои 2000 - 2004 муассисаҳои илмӣ доир ба 68 мавзӯъ тадқиқот гузаронида, ба соҳаҳои гуногун 65 тавсия пешниҳод намуданд.

Бо ифодаи сипос ба тадбирҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии зиёиёни кишвар фаъолияти кулли муассисаҳои тобеи академия ҷиҳати наздикшавии илм бо истеҳсолот ва тадқиқоти илмии вобаста ба истифодаи захираҳои табиии сарзамин вусъати нав пайдо кард.

Дар маҷлис изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бар хилофи талаботи қонуни Забон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ ва ҷаласаҳои раёсати академия ва муассисаҳои тобеи он бо забони ғайридавлатӣ ҷараён мегиранд.

Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки дар мӯҳлати як моҳ бо назардошти ворид намудани тағйироти ҷиддӣ дар сохтори Академия лоиҳаи нави оинномаи Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Барои сифатан беҳтар намудани мақоми аспирантон  сатҳу салоҳияти Шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи корҳои илмӣ баланд бардошта шавад.

Сарвари давлат ба масъалаи таълиму донишандузӣ дар макотиби олӣ мароқ зоҳир зоҳир намуда, изҳор дошт, ки натиҷаи корҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ аз сатҳи мудирони кафедра, деканат ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо санҷида шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷо ба ҷогузории кадрҳо бо назардошти минбаъд ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани таъиноти роҳбарони ин бахшҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Сипас Низомномаи комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тасдиқ гардид.

Ҳамин тавр, маркази баргузории имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олии хориҷӣ ба истиснои ихтисосҳои соҳаи фарҳангу варзиш Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ муайян гардид.

Вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилоотии расмӣ агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Дар мавриди лоиҳаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи тӯлонӣ ҷараён гирифт. Сарвари давлат вобаста ба афзалиятнокии  пардохтҳои гумрукӣ, механизми самарабахши он, соддатар кардани расмиятдарориҳои гумрукӣ, ба талаботи имрӯзи тараққиёт мутобиқ гардонидани он ва истифодаи пешниҳодоти доираҳои соҳибкорӣ таклифҳои мушаххас баён кард.

Лоиҳаи нави Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар маҷлис консепсияи амнияти гидрометереологии давлатҳои узви ИДМ, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдории давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва протокол оид ба иҷрои Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар хусуси ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ додани ҳуқуқи рафтуомади ройгон соле як маротиба ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан тасдиқ гардиданд.

Дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати табдили номи деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон ба номи Назаршо Додхудоев ва дар заминаи илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт дар бобати таъсиси деҳоти Ясман қарор қабул гардида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Дар маҷлис маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ташкили нуқтаҳои фурӯши ангишт дар маркази шаҳру ноҳияҳо, таъмини саривақтии муассисаҳои маорифу тиб бо ангишт, ташкили мағозаҳои китоб дар шаҳру ноҳияҳо ва таъмини онҳо бо адабиёти зарурӣ, тайёрӣ ба фасли сармо ва дар моҳи шарифи рамазон таъмини бетаъхири барқу газ ба аҳолӣ, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироатҳо, омодагӣ ба кишт ва интихобу захираи тухмиҳои хушсифат, захираи сабзавоту мева, таҳияи барномаи рушди боғу токпарварӣ бо назардошти сифати ҷавобгӯи содирот ба хориҷа, ташкили шӯъбаҳои қарздиҳии имтиёзнок бо мақсади рушди шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ниҳоят таҳияи барномаҳои мушаххаси захираи озуқа, сӯзишворӣ ва заҳрхимикатҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520