Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Хорст Кёлер

02.10.2004 09:00, шаҳри Душанбе

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Хорст Кёлер барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Аълоҳазрат, шуморо ва халқи Олмонро аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли қаноатмандӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати мамлакататон самимона табрик менамоям.

Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо Олмон қадр менамояд ва мо азми қавӣ дорем, ки ҳамкории самарабахшро дар ҳамаи самтҳо собитқадамона ривоҷ диҳем. Боварӣ дорам, ки дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди ҳар ду ҷониб муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Олмон бештар ривоҷ ёфта, соҳаҳои навро фаро мегиранд.

Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии бардавом, барори кор ва ба халқи мамлакататон пешрафту ободӣ орзу менамоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520