Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Юнуси

07.10.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Юнусиро, ки барои боздиди корӣ ба шаҳри Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни сӯҳбат зикр шуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории ба ҳам муфид ва ҳамаҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тарафҳо вазъи ҳозираи ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои сиёсат, фарҳанг ва иқтисод бо камоли қаноатмандӣ қайд намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Юнусӣ аз рӯи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи муфассали афкор намуданд. Онҳо зикр карданд, ки сулҳи бардавом ва рушди иқтисодиёти Афғонистони ҳамсоя ба нафъи миллии он мебошад.

Мусоҳибон дар бораи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният сухан ронда, бо камоли қаноатмандӣ қайд намуданд, ки ҳар ду тараф ҳанӯз якчанд сол пеш дар роҳи муборизаи муштараки зидди терроризми байналмилалӣ қадамҳои аввал гузошта буданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат қайд карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар ин самт таҳкурсии муҳимми таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказиро мегузорад. Мусоҳибон ба ин муносибат иброз доштанд, ки мавқеъҳояшон дар бобати таъмини амнияти минтақа як хел аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520