Нимаи дуюми рӯзи 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел бо Дабири Кулли Шӯро, намояндаи ваколатдори Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии умумӣ дар бахши амният Ховер Солана сӯҳбат кард.
Ҷонибҳо ба маҷмӯи масъалаҳои фарогири татбиқи амалии созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди демократикунонии ҷомеаи навини Тоҷикистон, авзои минтақавию ҷаҳонӣ, марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯмак ба сохторҳои қудратие, ки ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Ховер Солана ба мавқеи шахсии башардӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо омодааст ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ҳамаҷониба расонад.
Пешниҳодоти асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди вусъати марҳилаи барқарорсозии Афғонистон, равона кардани талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси ҳамкориҳои муштараки глобалӣ доир ба таҳкими коалитсияи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷалби диққати кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамгироӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, расонидани кӯмакҳои техникӣ ба сарҳадчиёни тоҷик, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва бартараф намудани хавфи таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Ховер Солана пазироӣ шуд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Файзулло Холбобоев, вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Шариф Раҳимов ҳамроҳӣ намуданд.
Бо ҳамин силсилаи сафарҳои расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мамолики Аврупо ба анҷом расид. Шоми 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюссел ба Душанбе баргашт.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва дигар ашхоси расмӣ пешвоз гирифтанд.