15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров мулоқот кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати тӯлонӣ ва созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникҳ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.
Робитаҳои байни кишварҳоямон густариш ёфта, нишондиҳандаҳои содироту воридот меафзояд,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид кард, ки сафари нахустини расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими асосҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави вусъатбахши ҳамкориҳо, ба хусус, дар соҳаи гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии коркарди зироат, робитаҳои илмию фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он ҳамфикрӣ баён доштанд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон мароқ зоҳир карда шуд.