Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

16.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар бӯстонсарои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарони давлатҳои дӯсту бародар атрофи муҳимтарин паҳлӯҳои ҳамкориҳои дуҷониба, муҳоҷироти меҳнатӣ, робитаҳои иқтисодию таҷоратӣ, татбиқи амалии созишномаҳои қаблан қабулгардида ва масъалаҳое, ки дар ҷараёни вохӯрии навбатии роҳбарони олимақоми кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд, табодули назар намуданд.

Мо ба инкишофи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия,-изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳи хоса дорем, -зеро онҳо таърихи бою қадима доранд. Гардиши мол миёни кишварҳо сол то сол афзуда, имконияту захираҳои ҳамкорӣ ҳарчӣ бештар мавриди истифода қарор мегиранд, ки натиҷаи талошҳои ҳар ду ҷониб аст, тазаккур дода шуд дар вохӯрӣ.

Дар гуфтушуниди ҳайатҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин маҷмӯи фарохи мавзӯоти вобаста ба муносибатҳои дуҷониба, созишномаҳои нави ҳамкорӣ, ба хусус, дар бахши истифодаи ба ҳар ду тараф манфиатноки захираҳои табиии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сипас маросими имзои созишномаҳои байнидавлатӣ оғоз ёфт. Ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин,  инчунин роҳбарони вазорату идораҳои ҳар ду ҷониб имзо карда шуданд.

Созишномаи оид ба ҳамкориҳои дарозмӯҳлати миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳҳомии «Русалюминий»  аз ҷониби Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва Раиси Шӯрои директорони ҷамъияти саҳҳомии «Русалюминий» Олег Дерипаска имзо карда шуд.

Созишномаи миёни агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи мухаддир дар бораи ҳамкорӣ алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва прекурсорҳои онҳоро директори агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ва директори хадамоти федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи мухаддир Виктор Черкесов имзо карданд.

Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва директори хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Россия Андрей Черненко ба имзо расид.

Ба Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ва Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров имзо гузоштанд.

Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароитҳои иштироки Федератсияи Россия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда аз ҷониби Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва Вазири саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия Виктор Христенко имзо карда шуд.

Илова ба Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи танзими қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия доир ба қарзҳои давлатӣ аз 9 декабри соли 2002 дар бораи пеш аз мӯҳлат баргардонидани қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия тариқи ба моликияти Федератсияи Россия гузаронидани узели оптикию электронии «Норак», ки моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва сармоягузории қисмати боқимондаи қарз дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва Вазири молияи Федератсияи Россия Алексей Кудрин ба имзо расид.

Ба Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳайат ва сохтори штатию ташкилии базаи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои супоридани моли манқули дар макони қароргоҳи қисмҳои низомӣ то 25 майи соли 1993 қарордошта ба истифодаи муваққатии базаи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи иншооти ғайриманқул, миқдор ва сарҳадҳои қитъаҳои замин, ки барои базаи ҳарбии Россия ва макони ҷойгиршавии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, инчунин Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба моликияти Федератсияи Россия супурдани узели оптикию электронии «Норак», системаи назорати фазои кайҳон ва тартиби амалигардонии он аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Иванов имзо гузоштанд.

Дар хотима чор ҳуҷҷати муҳим - Протоколи табодули ваколатнома ва тасдиқномаи шартномаи мақом ва шартҳои буду боши базаи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1996, Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби истифодаи моли манқул аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба истифодаи муваққатии базаи ҳарбии Россия супорида мешавад, Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва ниҳоят Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизат супоридани қисмати сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Интиқолии Исломии Афғонистон, ки аз тарафи қӯшун ва хадамоти сарҳадии Федератсияи Россия муҳофизат карда мешаванд, инчунин дар бораи тартиби гирифтани моликияти хадамоти федеролии амният аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин имзо карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ барои доираи васеи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз натиҷаҳои гуфтушунид ва созишномаҳои баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир барои халқҳои ҳар ду кишвар аст, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин падидаҳои боровари ҳамкориро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон, афзоиши боварию эътимод ба дурнамои устувори роҳи пешгирифтаи халқи Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи озоду демократӣ маънидод кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520