Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

17.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, робитаҳо дар доираи фарогири Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ҷараёни сӯҳбат изҳори умед намуданд, ки мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳалли мусбати муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъияти минтақа, саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ва мубориза алайҳи таҳдидҳои умумибашарӣ дахл карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520