Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005 – 2010 ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2005 баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон як қатор созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ маъқул дониста шуданд.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки татбиқи амалию самараноки барномаҳои давлатӣ,  ба хусус рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанг аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат масъулинро ҷиҳати омодагӣ ба зимистони солҳои 2004 -2005, пардохти бемамонияти маошу нафақа, дастгирии шаклҳои нави хоҷагидорӣ бо роҳи додани қарзҳои хурд ва назорати истифодаи он, анҷоми муваффақонаи маъракаи ҳосилғундории зироатҳои кишоварзӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили баланди соли оянда ба таври қатъӣ вазифадор намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастур дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ятимхонаҳо, пирону мӯйсафедони эҳтиёҷманд, бепарасторону камбизоатон кӯмак расонанд, зеро ин суннати неки гузаштагони пурифтихори халқи куҳантамаддуни тоҷик аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520