Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел

15.06.2016 11:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор намуд, ки «Ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа бахусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон арзёбӣ намуда таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад”

Дар мулоқот ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дода шуда таъкид гардид, ки сатҳу сифати ҳамкорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн буда рушди бемайлони онҳо дар оянда барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кӯмаки байналмилалии молиявии Штатҳои Муттаҳидаи Америка,ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520