Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Тошкент

23.06.2016 13:56, Узбекистон

23 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид.

Дар фурудгоҳи Тошкент Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳою ҳукуматҳои  аъзо ва нозир ба пойтахти кишвари мизбон шаҳри Тошканд ташриф оварданд.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони аввали як қатор кишварҳои аъзо ва давлатҳои нозир ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520