Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

23.06.2016 14:36, Узбекистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳоро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо инчунин мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар охири вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Узбекистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар вақти мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520