Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди

24.06.2016 14:39, Узбекистон

Рӯзи 24 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ки кишвараш дар ин созмон ҳамчун нозир иштирок мекунад, мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассиси Созмони ҳамкории Шанхай, талоши Ҳиндустонро барои ба узвияти комили он пайвастан ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ҳамёрии давлатҳоро дар чорчӯбаи созмон боз як омили пешбурди ҳамкориии созанда медонад.

Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди муносибатҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитариро аз самтҳои афзалиятноку манфиатбахши робитаҳо арзёбӣ карданд.

Заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳоро айни ҳол 60 санади муҳим дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳад ва сарони давлатҳо раванди татбиқи онҳоро ба таври мусбат баҳогузорӣ карданд.

Таклиф шуд, ки барои ба сатҳи зарурӣ баровардани муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷоннок карда шавад.

Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои глобалӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд ва сарони давлатҳо нисбат ба ҳалли он мавқеи ягонаи худро баён карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520