Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон

25.06.2016 13:57, ноҳияи Рӯшон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Бадахшон ба деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон ташриф оварда, аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиши санаи 7-уми декабри соли 2015, дар 11 деҳаи водии Бартанг ҷамъ 132 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида буданд. Танҳо дар деҳаи Ғудара, дар пайи ин офат, аз 71 манзили истиқоматӣ, 38 - тои он пурра ва 26 - тои дигар қисман вайрон шуданд. Аз 16 неругоҳи барқи обие, ки сокинони ҷамоати Савнобро бо барқ таъмин мекард, 11 ададаш хисорот дид. Корҳои азнавсозии неругоҳи барқи обии Пасор бо тавоноии 125 киловат аз моҳи декабри соли 2015 оғоз шуда, моҳи июни соли 2016 дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудара бартараф карда шуд. Барои пурра бартараф кардани камбуди неруи барқ дар ин ҷо 2 адад зеристгоҳ бо иқтидори 10/0,4 киловолт насб шуда, 7 километр хати интиқоли барқ кашида шуд.

Шуруъ аз лаҳзаҳои аввалини рӯй додани офати табиӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, корҳои бартарафсозӣ оғоз гардиданд.

То ташрифи Президенти мамлакат ба ҷамоати деҳоти Савноб дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми аз офат зарардида, ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо 2 адад техникаи роҳсозӣ, 1 трактор дастрас шуда, сокинон бо алоқа, бунгоҳи тиббӣ, стансияи қабули мавҷҳои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ, маводи озуқаворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, инчунин дигар маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда шуд.   

Сарвари давлат бо рафти сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо буридани лентаи рамзӣ нахуст хати оби нӯшокиро, ки аввалин маротиба ба деҳа кашида шудааст, ба истифода дод. Қаблан сокинони деҳа оби нӯшокиро аз масофаи дур меоварданд, ки он ҳам аз чиҳати экологӣ тоза набуда, бо усули таҳшин намудан, аз он истифода мекарданд.

Хати нави оби нӯшокӣ аз масофаи наздики шаш километр оварда шудааст ва маблағи умумии сохтмони хати обрасонӣ 286 ҳазор сомониро ташкил дод.

Бо пахши тугмачаи рамзӣ, Пешвои миллат дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон хати нерӯйи барқро, ки низ аввалин маротиба ба деҳа оварда шудааст, мавриди баҳрабардории сокинон қарор дод. Назар ба иттилои масъулин бошандагони деҳа бинобар мавҷуд набудани нерӯйи барқ аз батареяҳои офтобӣ истифода мекарданд, ки ин ҳам бошад танҳо барои равшаноӣ кифоят мекарду халос.

Сипас Сарвари давлат калиди якчанд манзили истиқоматии сохтмонашон анҷомёфтаро шахсан ба соҳибонашон супорид. Сокинон инро ҳамчун тӯҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дониста, барои дастгирию ғамхориҳои рӯзафзунаш нисбати онҳо, ба Пешвои миллат арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Аснои боздид аз корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёди аҳолинишин, муҳтарам Пешвои миллат масъулин ва сохтмончиёнро ба таваҷҷуҳи бештар ва меҳнати софдилона ҳангоми дастрас намудани масолеҳи зарурӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ даъват намуд, то ин ки ин манзилҳо тавонанд ба шароити маҳал тобовар шуда, барои солҳои тулонӣ ба соҳибонашон хизмат расонанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳоло дар маҳаллаи навбунёди аҳолинишин, ки 2,5 гектар масоҳат дорад, тибқи нақша сохтмони 38 манзили истиқоматӣ идома дорад ва онҳо бояд то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба соҳибонашон супорида шаванд.

Баъди шиносоӣ аз корҳои бартарафсозӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳа мулоқоти хосса анҷом дод ва барои рафъи мушкилоти доштаи онҳо масъулинро вазифадор намуд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Савноб дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза, дигар ғамхориҳову кумакҳои моддӣ изҳори сипос карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520