Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон

25.06.2016 14:08, ноҳияи Рӯшон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рушон пас аз шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳия ташриф овард. Сокинони ноҳияи Рушон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки санги асоси бинои мазкур ҳанӯз моҳи июли соли гузашта аз ҷониби Сарвари давлат ҳангоми ташрифи навбатиашон ба ин ноҳия гузошта шуда буд. Инак расо пас аз 10 моҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон як бинои боҳашамату зебо қомат афрохт. Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи аввали бино 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи дигари корӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ мавҷуд мебошад.

Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро ҶДММ "БДМ" бо дархости Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Дар маҷмуъ дар давоми 10 моҳе, ки корҳои сохтмонӣ идома ёфт, зиёда аз 90 коргари маҳаллӣ дар ин иншоот бо кор таъмин шуданд, ки музди маоши миёнаи онҳо то 2 ҳазор сомониро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хеле зебо ва ба стандартҳои меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Муаллифони лоиҳаи мазкур кӯшиш намудаанд, ки намунаҳо аз санъати меъмории тоҷикро дар ин бино ҷой намоянд. Аз ҷумла намои берунаи он бо сутунҳо ороиш ёфтаанд, ки ин усул хоси санъати меъмории миллати тоҷик мебошад. Нақши дасти ҳунармандони тоҷикро дар ороиши толори маҷлисгоҳ низ дидан мумкин аст. Барои зебо намудани ин толор ҳунармандон деворҳои онро гачкорӣ кардаанд.

Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин иншоот, ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорӣ ва расидагӣ ба мушкилиҳои сокинон дастуру супоришҳо мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520