Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Хоруғ

26.06.2016 11:47, шаҳри Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт.Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминии тоҷик “Талко” ва пудратчии бунёди иншооти Парчами давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад. Дар рафти сохтмони иншоот 24 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Корҳои сохтмонӣ аввали моҳи июни соли 2016 оғоз ёфта, имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Коргарону мутахассисон тавонистанд дар муддати хеле кутоҳ бунёди иншоотро бо риояи тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонm босифат ба анҷом расонданд.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зиннат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебогии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинони шаҳр мубаддал гардид.

Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар ҷаҳон баландтарин мебошад, сохта шуд.       Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 165 метрро ташкил медиҳад. Тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад. Аз рӯи шаҳомат Парчами давлатии Тоҷикистон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуда, соҳиби сертификати махсус мебошад.

Бунёди чунин иншоот - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сурат гирифта, як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мебошад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520