Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри Хоруғ

28.06.2016 10:33, шаҳри Хоруғ

Дар рӯзи чоруми сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техикаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғро ба солгарди 19-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ ҳамзамон техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туб ва дигар лавозимоти ҷангие, ки ҳайати ҷузъу томҳои ин гарнизон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади назорату пурзӯр намудани минтақаҳои масъулиятноки кишвар дар хати якуми дифо сарҳадбонони тоҷик ва дар хати дуюми дифо бошад, қувваҳои асосии мудофиавӣ- ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, ки дар сурати таҳдиди хатар метавонанд ба душман зарбаҳои қатъи зананд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, имрӯз ба такиягоҳи пуриқтидори давлату миллат табдил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳиммоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат гусел намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ, ки аз 25-ум то 28-уми июни соли равон сурат гирифт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар иштирок намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520