Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

01.07.2016 11:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро баҳузур пазируфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори қаноат карда, ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз таъсири манфии бӯҳронҳои сиёсиву молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳо изҳори нигаронӣ карда, доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла энергетика, рушди соҳибкорӣ, низоми бонкӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ низ баррасӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки ҷалби бештари сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар солимгардии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт нақши мусбӣ хоҳад бозид.

Иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуда, амалӣ кардани Лоиҳаи КАСА-1000 намунаи олии ин ҳамкорӣ маънидод гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520