5 ноябр ба шарафи 10-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи «Ваҳдат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳузури иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамои эъмори ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистони навин маънидод намуда, афзуд, ки маҳз бо таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба дастовардҳои бузургу таконбахши ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, таҷрибаи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва мамолики олам ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ гардид.