11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Лаҳистон ба Президенти ин мамлакат Александр Квасневский номаи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст: «Ба муносибати солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Лаҳистон табрикоти самимонаи худро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ирсол медорам.
Тоҷикистон ба рушду ривоҷи ҳамкории барои ҷонибайн муфид бо Лаҳистони ба мо дӯст аҳамияти зиёде медиҳад.
Мехоҳам қаноатмандиамонро аз сатҳи бадастомадаи рушди робитаҳои дуҷониба баён карда, изҳор намоям, ки мо барои рушду густариши ин робитаҳо ба таври хастанашаванда саъю кӯшиш менамоем.
Мехоҳам аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, дӯсти азиз, тансиҳатию саодат, ба мамлакати Шумо ва халқи он шукуфоию беҳбудӣ орзу намоям».