Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар карнавали бошукуҳи идона ба шарафи ҷашни 80-солагии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

20.11.2004 10:30, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 20 ноябр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба шарафи ҷашни 80-солагии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе карнавали бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Москва Юрий Лужков ва меҳмонони сершумор ширкат варзиданд.

Баъди маросими ифтитоҳ бо қувваи намояндагони корхонаю ташкилотҳои пойтахт ва донишҷӯёну талабагони мактабҳо карнавали назаррабо намоиш дода шуд. Дар ҷараёни он ҳамаи давраҳои таърихии тараққиёти шаҳр, дастовардҳои санъати қадимаю имрӯза ва рақсу сурудҳои халқи тоҷик ва халқҳои ҷаҳон, рақси ниқобпӯшон ва бозиҳои қадимаи Шарқӣ намоиш дода шуданд. Дар ҷамъомад комёбиҳои бадастовардаи корхонаҳои саноатии мамлакат пешкаши тамошобинон гардонда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520