Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.12.2004 14:00, шаҳри Душанбе

28 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо натиҷагирӣ аз татбиқи амалии нақшаҳои соли сипаришаванда, аъзои Ҳукумат нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2005, ки онро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов пешниҳод кард, баррасӣ ва муҳокима намуданд.

Дар хусуси тадбирҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 ва мавриди амал қарор додани он» низ баҳси доманадору судманд ҷараён гирифт.

Дар маҷлис Барномаи қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2007, ки 43 кредитро бо арзиши умумии 522 миллион доллари Амрико бо назардошти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар бар мегирад ва барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2010 қабул гардиданд.

Мувофиқи барномаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ то давраи соли 2010 бунёду барқароркунии 13000 гектар боғ, 4300 гектар токзор пешбинӣ шудааст, ки он ҳаҷми истеҳсоли меваю ангурро ба 320 ҳазор тонна хоҳад расонид.

Дар иртибот ба ҳамин масъала Сарвари давлат изҳор дошт, ки ташкили ширкатҳои лизингӣ оид ба харидории техника, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди сехҳои хурди коркарди току мева дар вилояти Хатлону водии Рашт, таъмини қарзҳои имтиёзнок, таҳия ва интишори тавсияномаҳо оид ба технологияи боғу токпарварӣ дар ҳамин замина мусоидат ба фаровонии бозорҳо ва афзоиши содироти меваю ангур ба хориҷи кишвар омили муҳимми инкишофи соҳа мебошад.

Бори нахуст лоиҳаи ду қонун - лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташхиси давлатии судӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муҳокима гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Ҳукумат ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона шудааст.

Сарвари давлат аз бемасъулиятӣ ва қонунпоймолкуниҳои бархе аз роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятии онҳо нигаронӣ кард.

Факту далелҳои амиқ шаҳодат медиҳанд, ки дар қисмати сарҳадоти воқеъ дар шаҳри Турсунзода ва фурудгоҳи шаҳри Душанбе баъзе аз кормандони хадамоти амниятию сарҳадӣ, гумрук, умури дохила инчунин кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Сарвари давлат бобати иваз намудани роҳбарони хадамоти номбаршуда дастури мушаххас дода, таъкид кард, ки бояд дар ин мақому вазифаҳо мутахассисони варзида, поквиҷдону ростқавл таъин карда шаванд.

Дар маҷлис лоиҳаи Созишнома дар бораи амалӣ намудани сиёсати мувофиқашудаи оид ба ташаккул ва рушди коридорҳои нақлиёти Иттиҳоди иқтисодии ЕвроАзия, инчунин лоиҳаи Созишнома дар хусуси асосҳои ҳамоҳангсозии регламентҳои техникии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕвроАзия маъқул дониста шуданд.

Аъзои Ҳукумат дар бораи баргузории фестивали байналмилалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ» ва дар бораи Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ бо ҷалби ҳунармандони кишварҳои дуру наздики олам гузаронидани фестивал ва тарғибу беҳдошти соҳаи варзиш, тайёр намудани мутахассисони маҳаллӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонони кишвар дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва ба таври оммавӣ инкишоф додани тарбияи ҷисмонӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба афзоиши мақоми зан ва афзалияту имтиёзҳои иловагӣ мусоидат менамояд, тасдиқ гардид.

Дар маҷлис қариб 40 масъалаи дорои аҳамияти иқтисодию сиёсӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Масъулини Ҳукумат бобати назорати ҳатмии татбиқи амалии дастуру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти бемамонияти маошу нафақа, дастгирии ниёзмандону оилаҳои камбизоат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ ва дар сатҳи баланд анҷом додани тадбирҳои вобаста ба зимистонгузаронӣ вазифадор гардиданд.

Сарвари давлат дастур дод, ки дар асоси эроду камбудиҳои зимни мулоқот бо намояндагони сохторҳои низомию қудратӣ 24 декабри соли 2004 ошкоргардида барномаи амалии муфассал бо нишондоди мӯҳлати ислоҳ ва шахсони масъули назорати он таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумат ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарзаминро ба ифтихори фарорасии Соли Нави 2005 шодбош гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520