Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

04.01.2003 10:00, шаҳри Душанбе

4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои раёсати Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти Ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат ва ректорони мактабҳои олии пойтахт машварати корӣ доир намуд.

Дар ҷараёни машварати корӣ иҷрои нақшаи тайёрӣ ва омода сохтану гузаронидани тадбирҳои муҳими сиёсии сол дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори давлат роҷеъ ба ин масъала ҳисоботи муфассали шахсони мутассадӣ ва масъулро шунида, ба вазъи корҳо баҳо дод. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тадбирҳои сиёсӣ бояд мувофиқи талаби айём ва меъёрҳои олии байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Дар робита ба масъалаҳои анҷом додани сохтмони иншоотҳои муҳимтарини ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои дигар мамлакат ба корҳои ободонӣ, хоса ба тартиб овардани кӯчаю майдонҳо, роҳҳои мошингард ва муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ диққати калон дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ин бобат на танҳо муассисаҳои давлатӣ, балки оммаи васеи мардум, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯён бояд саҳми арзанда гузоранд.

Дар машварат инчунин масъалаҳои тайёрӣ ба даҳсолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, сари вақт ва хушсифат гузаронидани кишти баҳории зироат, муташаккилона гузаронидани ҷашнҳои миллӣ ва тадбирҳои маънавию фарҳангӣ муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520