Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Москва

08.01.2003 10:00, шаҳри Душанбе

8 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Москва телефонӣ сӯҳбат кард. Роҳбарони ин ноҳияҳо ба Сардори давлат дар бораи ҷараёни иҷрои фармону дастурҳои он, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, қонунҳои мамлакат, шароити фаъолияти корхонаю муассисаҳо ва муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар фасли зимистон маълумот доданд. Дар ин маврид ба масъалаҳои тайёрӣ ба гузаронидани кишти барвақтии баҳории зироат, зимистонгузаронии чорво, баҳтар кардани маданияти истифодаи замин, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба назар гирифтани манфиати ҷомеа дар ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини ҷамъоварии андоз ва иҷрои нақшаҳои буҷет диққати махсус дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбат бо раисони ноҳияҳои мазкур мулоҳизаҳояшро дар бораи баъзе проблемаҳои муҳимми сиёсати дохилию хориҷии давлат баён карда, дар назди онҳо дар бобати тараққиёти иқтисодии ноҳияҳояшон вазифаҳои нав гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520