29 январ дар Қасри Мариинскии шаҳри Киев мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Муколамаи бисёрҷониба ба проблемаҳои рӯзмарраи ИДМ бахшида шуд. Дар мулоқот ба масъалаҳои таъсиси минтақаи савдои озод дар қаламрави ИДМ аҳамияти афзалиятнок дода шуд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди терроризм таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Президенти Украина Леонид Кучма ба мансаби Раиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ интихоб шуд.