30 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов сӯҳбати телефонӣ дод.
Сарони давлатҳои ҳамсоя оид ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор карда, пешниҳодоти навро дар бобати инкишофи минбаъдаи ин ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дахл карданд.