Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

17.02.2003 17:00, шаҳри Душанбе

17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, муовини Сарвазир Асадулло Ғуломов, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат машварат доир намуд.

Дар машварат ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тунели Анзоб, нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда ва Роғун, инчунин азхудкунии маблағҳои мақсадноки ба ин самт ҷудошуда ва вазифаҳо дар соли ҷорӣ мавриди баррасии дақиқу муфассал қарор гирифт.

Президенти ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳоро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барору комёбӣ ва камбудиву норасоиҳоро дар ин самт ошкор намуд. Дар машварат ба масъалаи дар корҳои сохтмон ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои марбута ва ба шароитҳои лозимаи корӣ ва моддиву маишиӣ таъмин кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулин ва роҳбарони соҳаҳои марбутаи сохтмони тунели Анзоб, неругоҳҳои барқии обии Сангтӯдаву Роғунро вазифадор намуд, ки ҳар моҳ оид ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда, масъалаҳои маблағгузорӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо, инчунин дигар масоили вобаста ба бунёди иншооти мазкур гузориш диҳанд.

Дар машварат ҳамчунин дигар паҳлӯҳои идомаи корҳои сохтмонӣ дар объектҳои зикршуда мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520