11 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи Иҷроия - Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Юрий Яровро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи минтақаи ИДМ мубодилаи афкор карда, ҷараёни омодагии ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро, ки рӯзи 11 апрел дар шаҳри Душанбе он ба нақша гирифта шудааст, ба таври муфассал баррасӣ намуданд.