Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии иди Наврӯз

20.03.2003 09:00, шаҳри Душанбе

20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии иди Наврӯз Паёми табрикӣ ирсол намуд.

Президенти кишвар мардуми шарафманди диёрро бо фарорасии иди Наврӯз табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо ва умуман нажоди ориёӣ иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст.

Сардори давлат дар бораи анъанаю суннатҳои неки Наврӯзӣ ва истиқболи ин ҷашни фирӯз маълумот дода, зикр намуд, ки миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ некӯ нигаҳ дошт.

Имрӯз мо аз он ифтихорманд ва дилпур ҳастем, ки аз шарофати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар давоми чанд соли охир ҳисси худшиносию ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии халқи тоҷик хеле пеш рафта, ҳамаи ин дастовардҳо моро зина ба зина сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш мебаранд. Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ идома ёфта, нерӯи иқтисодии давлат ва фарҳанги сиёсии миллат таҳким меёбад.

 Президенти мамлакат афзуд, ки ниёгони мо чор унсури табиат - хоку бод ва обу оташро муқаддасу гиромӣ дошта, онҳоро манбаи ҳастии табиат ва инсон мешуморанд. Имрӯз дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки бӯҳрони экологӣ шиддат гирифта, миллионҳо нафар сокинони олам аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд, соли 2003-юм бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли оби тоза эълон шудааст. Мо аз он сарфарозем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

"Ман бо дили пур аз ифтихору боварӣ халқи бофарҳанг, соҳибхирад ва сарбаланди Тоҷикистонро табрик намуда, орзу мекунам, ки Наврӯзи имсола ба хирмани деҳқон файзу баракат ва ба хонадони ҳар кадоми шумо саломатӣ ва саодат биёрад"- омадааст дар паёми сардори давлат.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520