24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи хоси Раиси амалкунандаи САҲА Марти Ахтисаариро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва САҲА-ро баррасӣ намуданд. Зимни мубодилаи афкор мусоҳибон ба иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, масъалаҳои таъмини бехатарии сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар кишвар диққати калон доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи Афғонистонро муҳокима карданд.