4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.
Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, ки ҳар сол аз рӯи анъана мо вазъи ҷомеа ва кишварамонро дар шароити босуръат таъғирёбандаи ҷаҳон баррасӣ мекунем, пешомад ва нақшаҳои минбаъдаи инкишофи давлати соҳибистиқлоли худро бо назардошти пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон муайян менамоем.
Сарвари давлат зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир мо тамоми кӯшишу ғайратро ба он равона сохтем, ки ба ҳалли ду масъалаи барои ҷомеаи мо ҳаётан муҳим муваффақ шавем.
Якум, Тоҷикистон воқеан давлати озоди мустақил гардид.
Баъдан, мо бояд ислоҳоти куллии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро ба амал барорем. Ҳарчанд ки мо дар баъзе самтҳо ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гаштем, ҳанӯз ҳам ин масъала ҳалли худро наёфтааст.
"Мафҳуми сулҳ барои ҳар яки мо азиз аст. Бигзор мардуми Тоҷикистон огаҳ бошад, ки фарзандони мо наслҳои оянда, дар кишвари ободу озод, мутамаддин ва пешрафта зиндагӣ мекунанд. Умеди мо бар он аст, ки Тоҷикистон ба мардуми Аврупою Осиё, ба ҳалқаи пайванди тамаддунҳо ба пули заррин дар миёни Шарқу Ғарб табдил меёбад".