Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани Фестивали байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ "Наврӯз-2003"

10.05.2003 11:00, шаҳри Душанбе

10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани Фестивали байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ "Наврӯз-2003" имзо гузошт.

Мақсади асосии қарори мазкур устувор гардонидани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва инкишофи робитаҳои эҷодии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Тибқи қарори мазкур аз 16 то 22 июни соли 2003 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ "Наврӯз-2003" гузаронида мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520