29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонхонаи "Президент-Отел"-и шаҳри Москва бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао мулоқот дошт.
Зимни мулоқот сарони ду давлати ҳамсоя ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки ҷониби Чин барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар маблағи 25 миллиони юани чинӣ ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт мерасонад.