Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.07.2016 12:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 баррасӣ гардид.

Вобаста ба ин масъала ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ва дигар роҳбарони сохторҳои давлатӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2016, бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, бахусус коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории вазъи савдои хориҷӣ ва фаъол набудани истеъмолкунандагон бинобар коҳишёбии ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ, тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар ин давра устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишвар 6,6 фоиз ва таваррум дар сатҳи хеле паст, яъне 3,1 фоиз таъмин карда шуд.

Рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани соҳаи саноат 12,1 фоиз, кишоварзӣ 9,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,9 фоиз ва гардиши савдои чакана 3,4 фоиз таъмин гардид.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои қисми умумии даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 99,4 фоиз иҷро гардид, ки аз фаъолияти ғайрисамараноки як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шаҳодат медиҳад.

Иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби Кумитаи андоз 104,8 фоиз таъмин гардид, вале аз ҳисоби Хадамоти гумрук нақша ҳамагӣ 86,4 фоиз иҷро шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет нисбат ба нақша 267 миллион сомонӣ кам ворид гардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз дастовардҳои ноилгардида на ҳама имконоту захираҳои мавҷуда ба таври пурра истифода гардиданд.

Бинобар ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти мамлакат, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, супоришҳо дар ҷараёни сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба бунбасти коммуникатсионӣ ва барномаву нақшаҳои қабулгардида, истифодаи самараноки тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, сари вақт ва босифат азхуд намудани маблағҳои барои иншооту лоиҳаҳо аз тамоми манбаъҳо ҷудогардида, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлисро баррасӣ карданд.

Дар маҷлис Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи намунаҳои саноатӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ”- ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” пешниҳод шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018, Дар бораи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва Дар бораи нақшаи генералии маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар охири кори маҷлис Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520