Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Индонезия

01.08.2016 09:44, Индонезия

Субҳи имрӯз муқарарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Индонезия омадааст дар саҳни Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо самимона истиқбол гирифта ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Индонезия ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 19 шилик аз тупхонаҳо, фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Индонезияро ба ҷо овард.

Дар ҳаминҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷоко Видодо бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори музокиротҳои қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520