Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия

01.08.2016 11:18, Индонезия

Баъди анҷоми мулоқоту музокиротҳои сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо маҷмуи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия қабул гардид.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия имзо шуд.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар раванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Индонезия пурарзиш маънидод намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520