Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Индонезия

01.08.2016 13:12, Индонезия

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум,
Хонумон ва ҷанобон,

Нахуст мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ва мардуми дӯсти он барои даъвати инҷониб ҷиҳати анҷом додани ин сафар, ҳамчунин пазироии самимӣ ва истиқболи гарми ҳайати Тоҷикистон сипоси амиқи хешро иброз намоям.

Ин боздид аз кишвари зебоманзару зудтараққиёбандаи Индонезия ба ҳайати мо тассуроти нек бахшид. 

Мо комёбиҳои  назарраси мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд арзёбӣ менамоем.

Нақши созандаи кишвари Шумо дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин аст.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Мувофиқаҳои дар рафти ин сафари мо ҳосилгашта боз як қадами устувор дар самти таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоямон мебошанд.

Муҳим он аст, ки ҷонибҳо бо таъкиди ҳавасмандии хеш ба рушди ҳамёрӣ дурнамои густариши ҳамкориҳояшонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мушаххас гардониданд.

Мо бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расонидем, ки таҳкимбахши заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои тарафҳо мебошад.

Давлатҳои мо тасмим гирифтанд, ки ҳадафмандона ҷиҳати рушди тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоя ба он, ҳамчунин таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангиашон кӯшишҳои бештар фаъол ба харҷ диҳанд.  

Дар ин робита мо пешниҳодоти худро ҷиҳати самаранок ба кор андохтани иқтидорҳои дар ин арсаҳо мавҷуда ба мақоми олии ҷониби Индонезия манзур намудем.

Ҳамзамон, бо назардошти нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ   оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, мо салоҳ донистем, ки фаъолияти мунтазами он ба роҳ монда шавад.

 

 

Ҳамчунин, даъват ба амал овардем, ки ҷониби Индонезия иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди  сармоявии Тоҷикистон, ки аксарашон аҳаммияти минтақавӣ доранд, фаъол гардонад.

Барои ин амалия дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мо, аз ҷумла  гидроэнергетика,   саноати сабуку коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм имкониятҳои фаровон ва мусоид вуҷуд доранд. 

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода барои соҳибкорону ширкатҳои Индонезия ҳама шароитҳои заруриро фароҳам орад.  

Дар рафти музокирот мо  атрофи  масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ибрози ақида намудем.

Маълум шуд, ки назароти ҷонибҳо роҷеъ ба бисёре аз ҷанбаҳои мавзӯъҳои доғи рӯз, минҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва исломситезӣ ба ҳам мувофиқ ё наздик мебошанд.

Дар ин робита мо сари он ақида омадем, ки ҳамёрии кишварҳоямонро дар доираи ҳамоишҳо ва созмонҳои ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Ҳаракати адами тааҳҳуд ва ғайра тақвияти бештар бахшем.

Зимни музокирот мо бо Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами Индонезия оид ба чанде аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳаводиси ахири олами ислом   мубодилаи афкор анҷом додем.

Аз ин дидгоҳ, мо ҷонибдории худро аз талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар  кишвари дӯсту ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон иброз доштем.

Дар мавриди идомаи муколамаи  сиёсии доимӣ мо идомаи тамосу машваратҳои  байнидавлатии ду кишварро дар сатҳҳои гуногун таъкид кардем.

Дар ин росто ман аз ҳамтои худ, Ҷаноби Олӣ  Ҷоко Видодо  даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд ва меҳмони азизу олиқадри мардуми Тоҷикистон шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520