Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ

02.08.2016 13:10, Индонезия

Дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот кард.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз сатҳи ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, дар заминаи ҳамгироии исломӣ барои густариши робитаҳои манфиатбор омодагии ҷониби кишвари моро таъкид намуд.

Аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ иқдоми муҳими таҳкимбахшандаи ҳамёрии дуҷониба арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими Бонки Исломии Рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди минтақавии кишвари мо мусоидат менамояд, Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки Исломии Рушд барои солҳои 2016-2018 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 9 лоиҳаи афзалиятнокро муайян намуда, таҳкими муштаракоти дуҷонибаро дар доираи Барномаи махсуси Бонки Исломии Рушд барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2016-2020 муҳим ва саривақтӣ меҳисобад. Таъсиси Фонди ҳаёт ва маблағҳо барои ҳаёт, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва дигар фондҳои шарик бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Бонк таъсис дода шудааст дар шароити таъсири ногувори буҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳон иқдоми муҳим арзёбӣ шуд. Доир ба идомаи ҳамкорӣ дар сохтмон ва навсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Кулма таклифу пешниҳодоти судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои наву афзалиятнок, аз ҷумла мусоидат ба раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилгард, рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520