Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Роғун

04.08.2016 08:02, шаҳри Роғун

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ аз рафти иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард.

Дар доираи ин сафар ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун шинос шуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рақами як рафти корҳои барқарорсозиро мушоҳида намуд. Тавре аён гардид, корҳо дар ҳама қитъаҳои ин мавзеъ бомаром ва низоми хуб ба роҳ монда шудааст.

Таъкид гардид, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 адад мошину механизм истифода мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид ҳамзамон аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд.

Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад.

Аз сифати хуби бунёдкорӣ, ҳамчунин руҳияи болидаи коргарони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

 Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии Неругоҳи барқии обии Роғун наздики 12 ҳазор нафар коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520