Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО Роғун

04.08.2016 09:45, шаҳри Роғун

Дар идомаи боздиди корӣ аз Неругоҳи барқии обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз 3 толори мошинҳои неругоҳ, ки майдончаи асосии васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқро ташкил медиҳад, шинос шуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тарҳи асосии механизми кори агрегатҳо ва тавлидоти барқ, низоми минбаъдаи кори мошинҳо, хоса сохтори он бо натиҷаи охирини корҳои иҷрогардида муаррифӣ карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷӯҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, тамоми корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мустаҳкамкунии иншоот, бахусус инфросохтори зарурии хизматрасон барои агрегату дигар таҷҳизоти танзимкунанда дар ин қитъаи сохтмонӣ мувофиқи нақша бо сифати баланд амалӣ карда шудааст, ки ба меъёрҳои байналмиллалии сохтмонӣ мутобиқ мебошанд.

Баъди шиносоӣ бо сифати корҳо дар майдончаи васлгарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз толори асосии иншооти аср-Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар он агрегатҳои тавлидкунандаи барқ насб хоҳанд шуд, боздид кард.

Дар ин қитъаи сохтмонии толори мошинҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми корҳои иҷрошуда, сохтори устуворкунандаи деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо, аз ҷумла пайвандкунии он ба дастгоҳҳои қабулкунандаи қувваи барқ муаррифӣ гардид.

Барои ҷойгиркунии 6 агрегат, ки иқтидори комили он 3 ҳазору 600 мегават мебошад, дар ин мавзеъ корҳои омодасозӣ ва гузоштани лавозимоти зарурӣ идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои омодасозӣ, яъне ҷузъиёти давраи ҷойгиркунии нахустин агрегатҳо, ки дар асоси нақшаи аввали фаъолияти неругоҳи Роғун амалӣ мешавад, дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии Роғун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз Сехи васлкунии трансформаторҳо, ки дар заминаи пойгоҳи фармоишгар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун бунёд шудааст, дидан кард.

Тавре аён шуд, дар ин нуқтаи муҳими васлгарӣ аллакай 2 трансформатори қувватнок бо тавоноии пурраи 700 ҳазор киловолт-ампер омода шудааст.

Тибқи нақша дар сехи васлгарӣ дар як моҳ 1 трансформатори дорои иқтидорӣ пурқудрат омода карда мешавад.

Дар асоси дурнамои фаъолият дар баробари васлу насби трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии Роғун ин коргоҳ, оянда барои ҷамъоварӣ ва омодасозии трансформаторҳои дигар неругоҳҳои хурду бузург низ хизмат хоҳад расонд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520