Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ

08.08.2016 16:53, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" ба Тоҷикистон омадаанд ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайтҳои бонуфузи ин давлатҳоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд боз як нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукуматҳои кишварҳояшон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои меҳварии вобаста ба об, ки дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дарҷ гардидаанд, ба ҳисоб меравад.

Тавре таъкид шуд, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифт. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷонибдории амиқ пайдо намуда  бо иқдомҳои наву муҳим дар соҳаи об  раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор вусъати тоза касб менамояд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520