Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук

12.08.2016 19:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.

Тавре таъкид шуд, дар давоми 23 соли шарикӣ Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда дар айни замон дар кишвари мо лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар мулоқот доир ба саҳмгузории муштарак дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, кам кардани хатари таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти рушдёбандаи Тоҷикистон, идомаи маблағгузории таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, рушди соҳаи нақлиёт ва ифрасохтори роҳ ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои Бонки Ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520