Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.08.2016 17:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақул дониста шуда барои  баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи  Созишномаи  сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пешниҳод шуд.

Сипас дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумат лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин”, “Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд”, “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супоридани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб” ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохтору идораҳои назди Ҳукумат  ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзамараи  ҷомеа, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузаронидани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фуруши онҳо, омодагии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба рӯзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кӯчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520