Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» дар шаҳри Қурғонтеппа

25.08.2016 10:24, шаҳри Бохтар

Дар кӯчаи Борбади шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давалат иттиолоъ доданд, ки масоҳати умумии иншооти сохташуда ҳазор метри мурабаъро ташкил дода, дар он то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконоти фароҳам овардашуда, дидан карда, ба кори сохтмончиёну меъморон баҳои баланд доданд.

Бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои кормандон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки сандуқи қарзии филиали ҶСП «Спитаменбонк»дар шаҳри Қурғонтеппа қариб 12 миллион сомониро ташкил дода, аксарияти ин маблағ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолот ва рушди хоҷагии қишлоқ ҳамчун қарз пешниҳод шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида, сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Нузам» тавонистанд онро бо сифати баланд дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд.

Арзиши лоиҳавии ин бино беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, дар рафти сохтмон тамоми унсурҳои меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шудааст. Бо ба истифода додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ симои маркази вилоят- шаҳри Қурғонтеппа сол то сол дигаргун мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520