Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ёвон ва коргарони Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё”

05.09.2016 10:28, ноҳияи Ёвон

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баъди ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминии фтордор, содаи каустикӣ ва кислотаи сулфат дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ доир намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва саноатчиёни кишварро бо ҷашни бузурги умумимиллӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои таҷлили санаи муҳими таърихӣ дар ноҳияи Ёвон боз се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин падидаи нек идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии мамлакат мебошад.

Таъкид гардид, ки корхонаҳои истеҳсоли имрӯз ифтитоҳёфта бо мақсади  таъмини эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад. Аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 25 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимонда 75 фоиз содирот карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки зимни амалисозии корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур беш аз 800 нафар мутахассисону  бинокорон фаъолият намуда, ҳоло дар натиҷаи ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаҳои зикршуда зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои имрӯзаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, дар баробари истеҳсоли алюминий, ба рушди як қатор соҳаҳои дигар кумаки ҷиддӣ мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ кардани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат бобати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда Ширкати алюминийи Тоҷик ҳар сол ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда ва молҳои содиротиро дар дохили кишвар истеҳсол менамояд.

Барои бунёду таҷҳизонидани корхонаҳои саноатии Талко кимиё беш аз 990 миллион сомонӣ, аз ҷумла беш аз 290 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ширкати алюминийи Тоҷик  сармоягузорӣ карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр карданд, ки стратегияи рушди соҳаи саноати мамлакат ба иваз кардани маҳсулоти воридотии саноатӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст ва бо итминон таъкид доштанд, ки истеҳсол ва истифодаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар дохили мамлакат дар баробари кам кардани хароҷоти истеҳсоли алюминий, имконият медиҳад, ки ба таври маҷмӯӣ фаъолияти якчанд корхонаи алоқаманд мунтазам ба роҳ монда, ҳазорҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.

То имрӯз, криолит ва алюминии фтордор барои истеҳсол кардани алюминий аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва баъди ба истифода супоридани корхонаҳои истеҳсолии имрӯза маблағҳое, ки барои харидории криолит ва фториди алюминий сарф мегардид, дар дохили кишвар боқӣ монда, барои рушди минбаъдаи Ширкати алюминийи Тоҷик равона карда мешаванд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи саноатчиён ва ташаббусҳои соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ёвон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи тадбирҳои накуи созандагию ободонии ватан ҳидоят намуданд.

Сокинони ноҳияи Ёвон ва коргарону мутахассисони корхонаҳои нави саноатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сарҷамъии миллат, фазои сулҳу ваҳдат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ифтитоҳи корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини зиндагии сазовор барои мардум изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520