Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нӯшокии шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

11.09.2016 08:30, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.

Хатти барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Дар айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 Кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 Кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ "Само" анҷом додааст.

Дар ин ҷо инчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хатти об ба шаҳраки навбунёди Меҳрон аз сойи Каллахона, ки дар масофаи 11 км ҷойгир аст, оварда шудааст. Ин об барои обёрӣ намудани зиёда аз 50 гектар замин ва таъмин намудани бошандагони шаҳраки нав бо оби нӯшокӣ кифоя аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520