Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Янукович

24.04.2012 09:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Украина Виктор Янукович барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам Виктор Фёдорович,

Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам.

Кишварҳои мо тайи бист соли гузашта майлу маромашонро дар амри байни худ роҳандозӣ ва дастгирӣ намудани муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳамкории мутақобилан муфид амалан тасдиқ намуданд.

Хурсандибахш аст, ки имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина бо ҳамаҷонибагии худ фарқ намуда ва бисёр соҳаҳои ҳамкориро фаро мегиранд, ки дар онҳо манфиатҳояшон мушобеҳи якдигаранд.

Ин муносибатҳо, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дигари байнидавлатиро дар назар доранд, ба воқеияти замон мувофиқ буда, ҷавобгӯи саъю кӯшишҳои мо дар амри таъмини рушди бемайлони некӯаҳволии халқҳоямон ва ояндаи шоистаи онҳо мебошанд.

Мехоҳам аз рушди имрӯзаи босуръати мушорикати Тоҷикистону Украина изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шумо итминон диҳам, ки мо омодаем, барои муваффақона пеш бурдани он ба нафъи халқоямон минбаъд ҳам ҳамаи саъю кӯшиши заруриро роҳандозӣ намоем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Виктор Фёдорович, аз самими қалб тансиҳатии нек, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои бешумор ва ба халқи дӯсти Украина пешрафту шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520