Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд

14.09.2016 17:04, шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки то имрӯз аз надоштани ҷои зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд ру ба ру буданд манзили зист туҳфа карда шуд. Чунин амали инсондӯстонаи Сарвари давлат имкон дод, ки дар тантанаҳои идона мушкилии ду нафар оилаҳои маъюб бартараф гардад.

Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки бо тамоми шароити замонавӣ барои зист пешбини гардидааст. Бинои муосири 9-ошёна аз 27 ҳуҷра иборат буда барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки баҳри зиндагии шоистаи кормандони њифзи њуқуқ ва дигар қисмҳои низомӣ ҳукумати кишвар пайваста талош намуда ҳамасола шумораи зиёди афсарони қисмҳои низомӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзилҳои зист таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки чунин амалӣ саховатмандона маротибаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда ниёзмандон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби намояндагии ҶСК «Санииосп» дар шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст. Фармоишгар идораи сохтмони асосиии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии иншоот ҶДММ «Аъзам-Ю» мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки манзилҳои истиқоматӣ, аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмуъ 27 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд. Аз ҷумла дар ин ҷо 9 адад манзили зисти як ҳуҷрадор, 18 адад ду ҳуҷрадор мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии баландошёна аввалҳои соли 2016 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар вақти корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520